Ҷузъиёти парвандаи Исматулло Абдуллозода, раиси боздоштшудаи Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе вокунишҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Масъулони Оҷонси мубориза бо фасод гуфтанд, ки ӯ ба тасарруфи 1 миллиарду 245 миллион сомонӣ, муодили беш аз сад миллион доллар, муттаҳам аст.
Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ (UNWFP) ҳушдор додааст, ки сокинони Афғонистон дар зимистони оянда эҳтимол бо буҳрони "қаҳтии бесобиқа" рӯ ба рӯ шаванд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, гуфт, Вашингтон дар таъмини амнияти Украина, ки бештар аз се сол боз зери ҳуҷуми беасоси Русия қарор дорад, саҳм хоҳад гирифт. Вай ин суханро рӯзи 18-уми август дар суҳбати муҳим ва бесобиқа бо ҳамтои украинияш Владимир Зеленский дар Кохи Сафед баён дошт.
Як тарҳи давлатии Украина номи 628 зодаи Тоҷикистонро эълон кард, ки танҳо дар шаш моҳи аввали имсол бо артиши Русия қарордод бастаанд. Муаллифони “Зистан мехоҳам” бовар доранд, ки ин афрод асосан дар ҷанги Русия алайҳи Украина истифода мешаванд ва аксарият ба мисли “барраи қурбонӣ”.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, рӯзи 18-уми август бо президенти Амрико Доналд Трамп дар Кохи Сафед дидору гуфтугӯ хоҳад кард. Раҳбарони Аврупо низ дар Вашингтон мешаванд.
Дар пайи эълони амалиёти нави артиши Исроил дар Навори Ғазза ҳазорон исроилии норозӣ ба хиёбонҳо баромада, хостори қатъи ҷанг ва расидан ба тавофуқ барои озодии гаравгонҳо шуданд. Муътаризон бо даъвати хонаводаҳои гаравгонҳо рӯзи якшанбеи 17-уми август даст ба корпартоӣ заданд.
Президенти Русия Владимир Путин дар дидори ахираш бо Доналд Трамп талаб кардааст, ки нимҷазираи Қрим қаламрави Русия эътироф шавад. Хабаргузории “Ройтерс” менависад, ки ин яке аз шартҳои Путин барои поёни ҷанг дар Украина аст.
Намояндагони идораи гумрук дар вилояти Суғд сарусадо дар бораи боздошту ҷарима шудани даҳҳо нақлиёти гаронарзишро шарҳ доданд. Аз он пеш бисёре аз корбарони Радиои Озодӣ аз ҳабси худравҳояшон дар таваққуфгоҳҳои ҷаримавӣ шикоят доштанд.
Мухолифони ҳукумати Тоҷикистонро, ки дар хориҷ фаъоланд ва ҳадафи расидан ба қудратро доранд, дар дохили кишвар ҷузъе аз низоми сиёсӣ намедонанд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълон кард, ки ӯ ва Владимир Путин пас аз гуфтугӯҳое, ки наздик ба се соат дар Аляска идома кард, ба созише барои поён додан ба ҷанги Украина даст наёфтанд. Ӯ ҳамзамон ин мулоқотро "бисёр созанда" хонд.
Ёфтҳои бештар