Ихроҷи муҳоҷирони корӣ аз Русия кам нашудааст

Яке аз боздоштгоҳҳои муваққатӣ дар Маскав

Ихроҷи муҳоҷирони корӣ аз Русия дар соли 2025-ум наздик ба бист дарсад афзуда, дар ин муддат тахминан 800 кас аз шаҳрвандии Русия маҳрум гаштаанд.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Русия ба хабаргузории “Интерфакс” гуфтааст, дар нимсолаи аввали соли равон беш аз ду ҳазору ҳаштсад хориҷӣ барои вайрон намудани қонунҳои Русия аз ин кишвар ронда шуданд.

Вазорати корҳои дохилии Русия афзудааст, ҳамчунон тақдими иҷозаи иқомати муваққатӣ беш аз 16 ҳазор ва тақдими иҷозати иқомати доимӣ зиёда аз 80 ҳазор маврид кам шуд.

Соли равон манъи вуруди хориҷиён ба Русия афзоиш ёфта, ба 385 ҳазор нафар баробар шудааст. Дар соли 2024-ум тахминан 301 ҳазор хориҷӣ аз вуруд ба Русия маҳрум шуданд ё онҳоро барои поймол намудани қонунҳои будубош аз ин кишвар берун карданд.

Радиои Озодӣ тақрибан ҳар рӯз дар бораи боздошт ё ихроҷи муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия хабар мегирад. Теъдоди умумии онҳо маълум нест.

Додситонии кулли Тоҷикистон танҳо инро тасдиқ кардааст, ки дар соли 2024-ум зиёда аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ронда шудаанд. Мақомот онро як пайомади ҳамла ба толори консертии “Крокус” дар наздикии Маскав донистанд. Дар ин ҳодиса чанд шаҳрванди Тоҷикистонро гумонзад медонанд ва муҳокимаи парвандаи онҳо идома дорад.

Мақомоти Русия мегӯянд, аксари муҳоҷиронро бо гуноҳи риоя накардани қоидаи будубош ё напардохтани молиёту надоштани ҳаққи кор аз ҳудуди ин кишвар берун кардаанд.

Муҳоҷирону ҳомиёни ҳуқуқ мақомоти Русияро барои поймоли ҳуқуқи коргарони хориҷӣ, фароҳам накардани шароити дурусти кору зиндагӣ ва фишору азият танқид мекунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ихроҷи муҳоҷирони корӣ аз Русия бештар шудааст