Сафири Туркия: Сӯзишвории ҳавопаймо дар Душанбе гаронтарин аст

Умут Аҷар, сафири Туркия дар Тоҷикистон.

Сафири Туркия дар Тоҷикистон гуфтааст, барои поин бурдани нархи парвоз ба шаҳри Душанбе , бояд сӯзишвории ҳавопаймо арзонтар шавад.

Умут Аҷар 19-уми август дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, "дар Душанбе дар ҳоли ҳозир гаронтарин сӯзишворӣ дар ҷаҳон фурӯхта мешавад, ки ин ба нархи билети ҳавопаймо таъсир мекунад".

Сафири Туркия эълон кардааст, ки аз моҳи август ширкати "Туркиш Эйрлайнз" парвозҳои худро миёни Истанбул ва Душанбе зиёд кард. Дар ҳафтае панҷ бор.

Умут Аҷар бе овардани омори дақиқ танҳо навиштааст, ки мақомоти Тоҷикистон дар нархи хидматрасонии фурудгоҳ сабукиҳое додаанд, ки арзиши билетро каме поён бурд.

Вале ба навиштаи ӯ, барои боз ҳам поин бурдани нархи билети ҳавопаймо, "коҳиши нархи сӯзишворӣ дар фурудгоҳи Душанбе", зарур аст.

Шикоятҳо аз гарон будани сӯзишворӣ дар фурудгоҳи Душанбе солҳои гузашта низ садо дода буд. Аз ҷумла, намояндагони ширкати “Тоҷик Эйр” чанд сол қабл гуфта буданд, тақрибан 40 дарсади хароҷоти онҳо барои сӯзишворӣ сарф мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон далел оварданд, ки сӯзишворӣ воридотӣ аст ва барои ҳамин нархаш гарон мебошад.

Феълан аниқ нест, ки нархи сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳо дар Душанбе чӣ қадар аст. Панҷ сол пеш 1 тонна сӯхти ҳавопаймо дар Тоҷикистон бештар 1600 доллар буд.

Дар баъзе кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон нархи сӯхти ҳавопаймо бамаротиб камтар аст.

Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, воридоти сӯхти ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон дар ихтиёри "Ширкати таъминоти сӯзишворӣ" аст.

Моликони ин ширкат маълум нестанд.